zoofirma.ru

Имрӯз, 05.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2023 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ муовини якум, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 30 воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳо ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.

Дар оғоз  Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2023 суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи 4 миллиарду 56 миллиону 981,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 107,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 293,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 15,7 фоизро ташкил дод.

Ба қисми даромади буҷети давлатӣ 282,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,2 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 4,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 71,6 миллион сомонӣ буда, 76,1 миллион сомонӣ ё 106,3 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 4,5 миллион сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 466,7 миллион сомонӣ сармоя, аз ҷумла 266,0  миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 200,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шуд.

Муштариёни шаҳри Гулистон ба маблағи 123,9 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуда, дар ин давра 129,0 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 104,1%-ро ташкил медиҳад.

Дар маҷмўъ 108,2 км роҳҳо таъмир карда шуданд, ки 212,1 фоизи иҷрои нақша мебошад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 11 медал ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 7 медал гардиданд.

Дар осоишгоҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 3078 меҳмони хориҷӣ ва 30024 истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмуъ 33102 нафар истироҳат намуданд.  Ҳаҷми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ 40,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр 177 ҷиноят ҷиноят ба қайд гирифта шуд. 95,7%-и ҷиноятҳо ошкор гардид. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 812,3 гр маводи нашъадор мусодира гашт.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 иншоот ба нақша гирифта шуда, 112 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 70,8 фоизи иҷрои нақша мебошад

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба таъмини сокинон бо ҷойи корӣ, норасоии мутахассисон, вазъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳо, вазъи таъмини оби нӯшокӯ, ҷудошавии оилаҳо, вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон, вазъи соҳаи сайёҳӣ, корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр посух гуфта, аз кормандони воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон густариш бахшида, дар пешрафту шукуфоии як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.