zoofirma.ru

Таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

Дар Ситод аъзо ва роҳбарони масъул иштирок намуданд. Масъалаҳои захираи дар анборбудаи масолеҳи лозимӣ барои зимистонгузаронии соҳаҳои иҷтимоӣ, омодагии техникаву маводҳои зиддилагжиш, таъмини аҳолӣ бо барқ, сарфакорона истифода бурдани барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ доир ба зимистонгузаронӣ мушкилие мавҷуд нест.

Ба масъулин таъкид карда шуд, ки ҷиҳати бе мушкилӣ паси сар намудани зимистонгузаронӣ чораҳои мушаххас андешанд.