zoofirma.ru

Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 2-юми июли соли 2015 таҳти №428 “Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҶТ тибқи квотаи президентӣ барои солҳои 2016-2020” ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон таҳти №84, аз 29-уми марти соли 2016 “Оид ба таъсиси комиссия дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҶТ тариқи квотаи Президенти ҶТ барои солҳои 2016-2020” санаи 31-уми марти соли равон дар Маркази  таҳсилоти иловагии шаҳр озмуни қабули хатмкунандагон баргузор гардид.

Дар озмун 70 нафар довталабони тибқи квота таҳсилкунанда фаъолона иштирок намуда, аз онҳо 41 нафарашон барои озмуни даври вилоятӣ пешниҳод шуданд.

Ҳадаф аз ташкили квотаи президентӣ таъмин намудани минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо мутахассисони маълумоти олидор аз ҷумлаи духтарону писарон ва ба низом даровардани ҷараёни қабул ба мактабҳои олӣ аз рӯи квотаи президентӣ мебошад.

Барои таҳсил бо квота ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба шаҳри мо 13 ҷой ҷудо шудааст.