zoofirma.ru

Имрӯз, 28.05.2023 ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар қисми ҳарбии 0216-и РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи сарҳадбонон таҷлил карда шуд.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Баротзода Сарҳад аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарҳадбононро ба ин муносибат муборакбод намуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмати сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ шароитҳои зарурӣ барои хизмат фароҳам оварда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ пайваста кӯшиш менамояд, ки аз ҳоли хизмати сарбозон огоҳ гардад.

Сипас, ба сарбозони фаъол ба ин муносибат сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.