zoofirma.ru

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки  ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои солимӣ ва оммавияти варзиш эълон гардидааст, субҳи имрӯз, 21.05.2023 дар шаҳри Гулистон маъракаи оммавии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ  доир гардид.

Дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини якум ва муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагон аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва занону духтарон фаъолона ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кулли иштирокдоронро ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баргузории чорабинии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ муборакбод гуфт. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дўстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрўз сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон низ бо рўҳбаландӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст.

Дар ҳақиқат, Дави  миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи  ҷисмонӣ ва таъмини ширкати  ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои  минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар урфият мегўянд, рўҳи солим дар  ҷисми солим аст. Агар мо дар асоси  ин  ҳикмат амал намоем ва варзишро ҳамчун  омили беҳтарини тандурустӣ ва солимии аъзои ҷомеа шуморем, албатта ба ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, суботу устуворӣ ва  сарсабзиву  шукуфоии кишвари азизамон расида  метавонем.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Дави миллӣ яке аз боҳашаматтарин чорабинии мардуми тоҷик аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Он дар воқеъ фарогири пиру барнои мамлакат аст, ки аз хурд то бузург ҳама зери як иқдом, яъне солимии ҷомеа, ҳамовозӣ ва якдилии мардум иштирок мекунанд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолият мо ҳамарӯза дар сартосари кишвар як ҷашн ва ё ид дорем, вале иде, ки солимии ҷомеаро таъмин мекунад маҳз ҳамин Дави миллӣ аст.

Иштиркчиёни чорабинӣ вобаста ба синну сол аз назди Боғи “Зардолузор” бо тариқи кӯчаи “Исмоили Сомонӣ” то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳаракат намуданд.

Аз рӯйи чор зинаи синну солӣ мардон ва бонувон байни ҳам рақобат намуда, ғолибон муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, корхонаву муассисаҳое, ки фаъолона иштирок намуданд бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, дар 6 ҷамоати шаҳракҳои шаҳр низ маъракаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба таври оммавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.