zoofirma.ru

Имрӯз 16.03.2023 дар коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар якҷоягӣ бо филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳфили илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар маҳфили илмӣ-амалӣ Фирдавс Фахридинзода муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

Тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Бо ибтикори Пешвои миллат дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгирӣ ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилал рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлати мо гардидааст.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз зикр менамоянд, ки: “Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.

Қобили таъкид аст, ки умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад.

Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.

Чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд”.

Иштирокдорони маҳфили илмӣ-адабӣ аз саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашни байналмилалии Наврӯз, таърихи пайдоиши Наврӯз, урфу одатҳо ва анаъанаҳои наврӯзии ниёгон бори дигар огоҳ гардиданд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур як нафар ҷавони фаъол ба ҳайси раиси филиаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар коллеҷи тиббии шаҳр таъин карада шуд.