zoofirma.ru

Муҳтарам кормандони мақомоти Прокуратураи шаҳр!

Бо камоли эҳтиром Шуморо бо ҷашни касбиатон - Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори осуда ва дар иҷрои  рисолати пуршарафатон барору комёбӣ таманно менамоям.

Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Аз ин рӯ, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.

Бори дигар Шуморо бо иди касбиатон муборакбод  гуфта дар фаъолияти меҳнатиатон комёбиҳои назаррасро орзу намуда, итминон дорам, ки минбаъд низ фаъолияти худро ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди устувори давлат ва суботу оромии ҷомеа дучанд менамоед.

Иди касбӣ муборак бод!