zoofirma.ru

Имрӯз, 13.03.2023 дар тарабхонаи «Соҳил»-и маркази шаҳри озмуни шаҳрии «Кадбонуи  беҳтарин» бо иштироки муассисаву ташкилотҳо баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонувон, занони соҳибзавқ, ҳунарманди моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати  дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр сазовори мақоми аввал, Шуъбаи маорифи шаҳр сазовори мақоми дуюм ва беморхонаи маркази шаҳр сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

 

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.