zoofirma.ru

Муҳтарам собиқадорон ва намояндагони васоити ахбори омма,

Ҳамшаҳриёни азиз!

Басо рамзист, ки ҳамасола дар остонаи фарорасии фасли зебои сол, баҳори нозанин ва муждагонӣ аз Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Соли равон матбуоти тоҷик, ки аз нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» сарчашма мегирад 111 сол пур мешавад.

Дар воқеъ матбуот аслиҳаи тавонои тарғибу ташвиқот, воситаи оммавию ҷиддии таъсиррасонӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии омма ба ҳисоб меравад. Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа, иттилоърасонӣ ба мардум ва сарҷамъиву иттиҳод воситаҳои  ахбори омма яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, нақши барҷаста дорад. Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа васоити ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои  муҳими таҷассумгари ҳаёт  табдил додааст.

Бо такя ба мавқеи боризу арзишманди матбуоти тоҷик дар рушди бонизому таҳкиму тарғиби сулҳу суботи ҷомеа ҳанӯз зимни суханронии ҳикматбори хеш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид аз бузургии нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир ва таъсири муқтадиру муассисри матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки “Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист”.

Дар ҷомеаи муосир имрӯз намояндагони васоити ахбори омма сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон мебошанд. Алҳол дар фазои иттилоотии кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Дар заминаи ҳидоятномаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қаламрави вилояти Суғд бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи дастгириву қадршиносии аҳли қалам таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, чун анъана ҳамасола баргузор гардидани озмуни вилоятии “Хомаи созанда” шаҳодати равшани гуфтаҳои болоист.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ ба рушди бонизоми матбуот, дастгириву ҳавасмандгардонии аҳли қалам кӯшишҳои судмандро ба роҳ монда, аз нерӯи қалониву зеҳнии кормандони соҳа васеъ истифода менамояд.

Боиси хушнудист, ки нахустин шумораи рӯзномаи расмии шаҳр «Соҳил» маҳз дар даврони истиқлолият бисту панҷ сол муқаддам, бо ташаббуси рӯзноманигор Илҳом Раҳим нашр гардид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шуруъ аз соли 2017, рӯзнома ба тарзи офсетӣ ва дуранга, бо теъдоди як ҳазор нусха бо сифати баланд нашр мегардад. Дар давоми бисту панҷ соли мавҷудияти худ беш аз ҳазору яксаду ҳаштод шумораи он дастраси муштариён гардидааст. Дар ин росто заҳмати зиёди аҳли эҷод ва мухбирони ҷамоатии рӯзномаи шаҳрӣ низ баръало ба назар мерасад.

Итминон дорам, ки хабарнигорони рӯзномаи шаҳрии «Соҳил» минбаъд низ бо такя ба дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат дар кори баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи комёбиҳои шаҳр фаъолияти худро густариш дода, барои таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявиамон хизматҳои шоиста хоҳад намуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли собиқадорони матбуот, намояндагони васоити ахбори омма, кормандон ва мухбирони рӯзномаи шаҳрии «Соҳил»-ро бо Рӯзи матбуоти тоҷик самимона таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дар иҷрои рисолати пурмасъулатон барору комёбиҳоро таманно менамоям.

Рӯзи матбуот муборак ҳамшаҳриёни азиз!