zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаи 04.03.2023, дар толори кохи варзишии гуштини юнонӣ-румӣ-и маркази шаҳри Гулистон,  мусобиқаи гуштини юнонӣ-румӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонони ҷамоати шаҳракҳои шаҳри  Гулистон фаъолона иштирок намуда байни ҳам рақабат қувваозмоӣ намуданда, ғолибон бо дипломҳои дараҷавӣ ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин баробар масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳр ва мурабиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ" азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва ақли солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.