zoofirma.ru

Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи умумии ниҳолшинонӣ ташкил карда мешавад.

Дар ин раванд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар кӯчаи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин маҳалла 500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва беш аз 100 ҳазор кўчати садбарг шинонида шуд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд, сокинони маҳаллаи Ҷаббор Расулов ва устодону донишҷўёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар кабудизоркуниву хуррамгардонии кўчаи Абулқосим Фирдавсӣ саҳм гузоштанд.

Дар шаҳри Гулистон, дар ҳудуди назди корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" низ бо иштироки роҳбари вилоят ва кормандони ташкилоту идораҳои шаҳр садҳо адад дарахтони ороишиву мевадиҳанда шинонида шуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи иншооти маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон дастур супоришҳо дод.