zoofirma.ru

Санаи 24.02.2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгири эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 6.01. 2023, №11 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 21.02.2023, №47 санаи 24 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри гулистон тамриноти ситоди мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи  гражданӣ дар шаҳри Гулистон ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқуллодаи дорои хусусияти табиӣ дошта ва бартараф намудани оқибатҳои он” баргузор карда шуд.

Ҳадафи баргузории ситоди мазкур баланд бардоштани омодагии ҳайати шахсии зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон истодаи замонҳои осоишта. Ҳамчунин баланд бардоштани маҳорати ҳайати шахсии зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулода ва мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва мукаммал намудани малакаи амали ҳайати шахсии мақомтҳои идоракунӣ, ҳайати роҳбарикунандаи зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар иҷрои корҳои наҷотдиҳию таъхирнопазир ва умуман, ҳифзи аҳолӣ ҳудуд, чорво, растаниҳо, моликияти давлатӣ ва хоҷагии халқ.

Дар тамринҳои ситоди мудофиаи гражданӣ Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода, бахши раёсати КҲФ ва МГ вилояти Суғд дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҷалб карда шуданд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгири эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 6.01. 2023, №11 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 21.02.2023, №47 санаи 24 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри гулистон тамриноти ситоди мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи  гражданӣ дар шаҳри Гулистон ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқуллодаи дорои хусусияти табиӣ дошта ва бартараф намудани оқибатҳои он” баргузор карда шуд.

Ҳадафи баргузории ситоди мазкур баланд бардоштани омодагии ҳайати шахсии зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон истодаи замонҳои осоишта. Ҳамчунин баланд бардоштани маҳорати ҳайати шахсии зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо дар вақти рух додани ҳолатҳои фавқулода ва мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва мукаммал намудани малакаи амали ҳайати шахсии мақомтҳои идоракунӣ, ҳайати роҳбарикунандаи зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар иҷрои корҳои наҷотдиҳию таъхирнопазир ва умуман, ҳифзи аҳолӣ ҳудуд, чорво, растаниҳо, моликияти давлатӣ ва хоҷагии халқ.

Дар тамринҳои ситоди мудофиаи гражданӣ Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулода, бахши раёсати КҲФ ва МГ вилояти Суғд дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҷалб карда шуданд.

Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рафти тамринҳо ва омодагиҳо аз ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, НБО “Қайроққум” ва беморхонаи марказии шаҳр дидан намуда, бо кормандон суҳбат доир карда шуд.

Ҳамчунин, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳкоимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ҷаласа баргузор гардида, доир ба ҳадафи баргузории чорабинии мазкур иттилоъ дода шуд ва аъзои фаъоли Комиссия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳкоимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.