zoofirma.ru

Имрӯз, 24.02.2023  бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида шуд ва беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои ороишӣ пешниҳоди сокинон гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ярмаркаи мазкур фаъолона иштирок намуда дар номинатсияи "Гулу буттаҳо" соҳиби мақоми дуюм гардида, бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.

Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯз дар шафати роҳи асосӣ дар шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, 700 бех ниҳоли сафедор ва 100 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабзи навъи сӯзанбарг шинонида шуд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуда, ба масъулин ҷиҳати истифода намудан аз фазои мусоид ва шинонидани дарахтони ороишию ҳамешасабз баҳри боз ҳам ободу зебо намудани шаҳр тавсияҳо дод.