zoofirma.ru

Санаи 21.02.2023 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозони қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбег Накҳатзода ва комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии 30-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборакбод намуд.

намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Сарраёсати агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбег Накҳатзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғдо ба ин муносибат ба самъи сарбозону афсарон расонид.

Сипас, аз вазъи будубош ва шароити хизматии сарбозон дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қисми ҳарбии мазкур барои сарбозон шароити хуб барои хизмати ҳарбӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамчунин, барои сарбозои қисми ҳарбии мазкур дастархони идона ороста шуд.