zoofirma.ru

Санаи 27.01.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёи фаъоляти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” боздид намуд.

Дар аснои боздид Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар маҷлиси васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва истифода намудани пурраи имкониятҳо дар ҷараёни фаъолият  таъкид намуд.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 26 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат ва саҳмгузорӣ ҷиҳати то соли 2026 ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҳсулоти соҳа бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тақвият бахшида шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” фаъолияти бомаром дошта, дар соли сипаригардида корхонаи номбурда 75,0%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр ва 14%-и ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро таъмин намудааст.

Шумораи кормандони корхона 3368 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 559 нафар зиёд ва музди маоши миёнаи онҳо ба 2908 сомонӣ баробар мебошад.

ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дар соли 2022 ба маблағи 3 миллиаду 295,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, барзиёд иҷро намудани уҳдадориҳои истеҳсолӣ ва  амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.