zoofirma.ru

Санаи 03.01.2023 дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2022  бо иштироки директори муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ"  Муяссара Давлатзода муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" дар радаи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят қарор гирифта, сазовори мақоми аввал гашт.

Ин ғолибият барои шаҳри Гулистон ва соҳаи маориф дастоварди шоиставу назаррас мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти иловагии навбунёд аввалин шуда, бо иштироки Пешвои муаззами миллат муассиса ифтитоҳ ёфт, ки аз ҳусни таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи таҳсилоти иловагӣ гувоҳ аст.

Бо ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии муассиса фаъолияти маҳфилҳо хеле пешрафт карда, муассиса дар системаи маорифи шаҳр мавқеи муҳим касб кард.