zoofirma.ru

5 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ шинос гардид.

Дар шаҳри Гулистон бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди​ фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, дар ояндаи наздик дар фабрикаҳо истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад. Фабрикаи ҶДММ «Мурғи бебаҳо» дар масоҳати 3 гектар сохта шуда, дар он то 100 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Айни замон дар як сехи парандапарварӣ нигоҳубини 20 ҳазор сар чӯҷа ба роҳ монда шуда, бунёди сехҳои иловагӣ ҷараён дорад.

Дар фабрикаи ҶДММ «Ганҷи сомон», ки дар масоҳати 1,7 гектар ташкил шудааст, ду сех пурра омода ва 12,5 ҳазор сар паранда ворид гардида, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ саршумори паранда низ зиёд карда мешавад.

Раиси вилоят ташкили фабрикаҳоро барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар вилоят натиҷаи имтиёзҳои фароҳамшуда аз ҷониби давлат мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” корҳои омодагӣ барои бунёди сехи нави истеҳсолиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар корхонаи азими саноатӣ сехи истеҳсоли қолинҳои тафтингӣ ташкил гардида, хатҳои истеҳсолӣ аз Ҳиндустон, Австрия ва Олмон ворид карда мешавад. Аснои муаррифии лоиҳаи сехи нав таъкид гардид, ки корхона бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабулу татбиқ гардидани барномаҳои соҳавӣ ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида,​ маҳсулоти истеҳсолшаванда дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони зиёд дошта, қолинҳои истеҳсолшаванда сифати олӣ доранд.

Дар шаҳри Гулистон бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Нозироти андози шаҳри Гулистон идома дорад, ки роҳбари вилоят бо рафти корҳо шинос шуд. Бинои маъмурӣ аз се ошёна иборат буда, айни замон 30 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд. Дар бинои нав, ки дорои таҳхона, 8 утоқи корӣ, утоқи «равзанаи ягона», маҷлисгоҳ, утоқи бойгонӣ аст, барои кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар поёни боздиди корӣ роҳбари вилоят корҳои азнавсозии кӯдакистони «Баҳор»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои татбиқи пурраи лоиҳа тавсияҳо дод. Бинои кӯдакистони мазкур аз солҳои 90-ум инҷониб бекор хобида буд ва бо таҷдид намудани он 240 нафар хурдсолон дар 8 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифтан мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд