zoofirma.ru

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр имрӯз 03.12.2022 дар маркази шаҳр Ярмарка-фурӯши маҳсулоти агросаноатӣ баргузор карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулотҳои гуногуни ниёзи аввалия бо нархи арзон нисбат ба бозор ба фурӯш гузошта шуд. Дар ярмарка корхонаҳои саноатии шаҳр маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас пешниҳод анмуданд.

Маҳсулоти ниёзи аввал то 10-15 фоиз арзонтар нисбат ба нархи бозор пешниҳоди сокинон карда шуд.

Аҳолии шаҳр ин иқдоми наҷибро дар оғози фасли сармо барои захираи маводи ғизоӣ хуб пазируфта миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр иброз намуданд.

Минбаъд низ ин раванд идома ёфта, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳр Ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор карда мешавад.