zoofirma.ru

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши дурӯза дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон санаи 29.11.2022 дар МТМУ №4 деҳаи Гулдара ва дар Ҷамоати шаҳраки Консой санаи 01.12.2022 бо аҳолии дар ҷойҳои осебпазир истиқоматкунанда вобаста ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва омода намудани аҳолӣ барои пешгирӣ, эътино вобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳамзамон иҷрои банди 4-и нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси шаҳр аз 07.01.2022, №7 доир ба фаҳмонидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ баргузор карда шуд.

Ҳамчунин, бо сокинон суҳбати озод баргузор карда шуда, доир ба саволҳои сокинон посухҳои мушаххас дода шуд.