zoofirma.ru

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати амалигардонии "Барномаи давлатии  тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2017-2022" аз рӯи нақшаи чорабинии барномаи мазкур курси кутоҳмуддати "Зан сарвар" санаи 21.11.2022 дар МД Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон оғоз гардид.

Дар курси кутоҳмуддати мазкур 40 нафар бонувони фаъол ба таҳсил ҷалб карда шуданд.

Ба таҳсилгирандагон дар рӯзи аввал Шуҷоат Ҳасановна намояндаи Шӯрои машваратчии ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд оид ба "Баланд бардоштани мақом ва  нақши зан дар ҷомеа" дарс гуфт.

Курси мазкур тӯли чаҳор рӯз идома хоҳад ёфт.