zoofirma.ru

Имрӯз, 19 ноябри соли 2022 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, ки аз маркази шаҳр дар фосилаи 130 км ҷойгир шудааст бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

Аз тарафи прокурори шаҳр муроҷиатҳо вобаста таъмири хонаҳои истиқоматии баландошёна, тоза намудани қубурҳои обу ташноби биноҳои истиқоматӣ,  таъмири кулуби фарҳанг, сохтани варзишгоҳ, иваз намудани хати интиқоли барқ ва таъмин намудан бо ҷойи кор қабул карда шуда, доир ба моҳияти онҳо тибқи қонунгузориҳо дар соҳаи тандурустӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва энергетика тавзеҳот дода шуд.

Ҳамчунин, муроҷиати хаттии 7 нафар истиқоматкунандагони шаҳраки мазкур қабул карда шуда, барои баррасии онҳо чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, ҳама муроҷиатҳо дар ҷойи худ ҳаллу фасл гардиданд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон бо ин мақсад роҳандозӣ карда шудааст, ки сокинони ҷамоати шаҳракҳои дурдаст муроҷиатҳои худро манзур намуда, доир ба масъалаҳои мавҷуда посухи мушаххас гиранд.