zoofirma.ru

Санаи 18-уми ноябри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони 30-соли ҳамбастаги бо Пешвои муаззами миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар муассисаи таълимии №12-и деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 14-18 сола вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақсудалиева Қ. директори муассисаи мазкур  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохўрӣ бо ҷавонон оид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар барқарорсозии давлатдории миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстромистӣ, бегонапарастӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ибрози назар карда шуда, ҳамзамон оид ба дастгириҳои давлатии ҷавонон, суханронӣ карда шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати расидан ба чорумин ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Саноатикунонии босуръати мамлакат" ва бистсолаи солаи омӯзишӣ фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ибрози назар карда шуд. Ҳамзамон, оид ба тарзи дурӯст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда, таъкид карда шуд, ки дар зомони имрӯза то рафт муборизаҳои геосиёсӣ миёни гурӯҳои алоҳидаи ҷудоихоҳ ва марфиатҷӯй шидат гирифта, моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста, нагузорем, ки афроди нохалафе ба ин тинҷиву оромӣ ва зиндагии босаодати мардум халале ворид созад.