zoofirma.ru

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар шаҳри Чкалов бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаи кушод оид ба гуштини тарзи юнонӣ-румӣ баргузор гардид.

Дар он 120 варзишгарон аз шаҳрҳои Чкалов, Қайроққум ва ноҳияи Б.Ғафуров ширкат варзиданд. Дар даври ниҳоии мусобиқа намояндагони шаҳри мо Меҳроҷ Абдусафоев, Азиз Абдуллоев, Умед Тоҷибоев, Аҳмад Сафарзода, Муминҷон Отаҷоновро насиб гардид, ки дар вазнҳои хеш мақоми аввалро соҳибӣ намоянд.

Дастаи ноҳияи Б.Ғафуров сазовори ҷойи 3-юм, дастаи шаҳри Қайроққум ҷойи 2-юм ва дастаи шаҳри Чкалов мақоми аввалро ишғол намуданд.