zoofirma.ru

Имрӯз, 15.09.2022 дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр намоишҳои дастовардҳо дар доираи Аксияи “Албом-эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намоиши китобӣ таҳти унвони “Анҷумани саодати халқ” дидан намуданд.