zoofirma.ru

Имрӯз, 15.09.2022 дар шаҳри Гулистон дар доираи Аксияи «Албом-эстафета» таҳти унвони 30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон ҳамоиш доир гардид.

Лозим ба зикр аст, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтатам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ва беш аз 800 нафар хонандагону донишҷӯён, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон, варзишгарон ва дигар сокинони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Ҳамоишчиён аз назди маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!” ба тариқи кӯчаи протоколӣ бо шиору овезаҳои тарғибгари Иҷлосияи тақдирсоз ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр роҳ паймуданд.