zoofirma.ru

18 августи соли 2022 дар толори кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат номаи табрикотии Раиси шаҳрро ба кулли кормандони соҳаи тандурустӣ расонид ба ифтихори иди касбиашон, ки ҳамасола ба рӯзи 18-уми август, яъне санаи таваллуди асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумур, олим, файласуф, донишманд Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, сидқан табрику муборакбод гуфта, бароятон саодату зафармандӣ ва дар амри сиҳатбахшии аҳолӣ ва таъмини солимии миллат муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

Қайд намуд,  ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди олими номвари тоҷик, алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат мекунад, алоқамандии бевосита дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд”.

Бахусус дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон сохта ба истифода додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири муоинавӣ, муолиҷавӣ ва ёрирасон, дар давлатҳои хориҷ ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва кормандони соҳа ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди соҳа мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистор  ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Оқилзода Ғайрат оид ба дастовардҳои кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Гуличтон ибрози назар намуда, аз саҳми онҳо дар раванди беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мусоидат ба солимии ҷомеа ҳамчун боигарии давлат ёдовар  шуд. Дар фазои тантанавӣ ба як қатор табибон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо нишони сарисинагии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон,  тақдим карда шуд.

Дар охир, баҳри болидахотирии кормандони соҳаи тандурустӣ  барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.