zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд, директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода  дар доираи тантанаҳои 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор модарони родмардони Ватанро, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷони худро аз даст доданд аёдат намуданд.

Давлатбаева Рамзия- фарзандаш Сафин Динар солҳои 1992-1993 дар Тавилдара адои хизмати ҳарбӣ намуда, соли 1993 дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳалок гаридааст.

Латипова Омина- фарзандаш Латипов Абдусаттор соли 1998 ҳангоми адои хизмати  ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд  дар роҳи мубориза баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳалок шудааст.

Юсупова Бароат- фарзандаш Зокиров Рустамҷон солҳои 1996-1997 дар шаҳри Душанбе адои хизмати ҳарбӣ намуда, соли 1997 дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсонӣ ҳалок шудаст.

Соли 1998  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени "Ҷасорат" мукофотонида шудааст.

Дар ин рӯз туҳфаи хотиравӣ ва маводҳои озуқаворӣ ба модарони аёдат карда шуда тақдим гардид.

Модарони аёдат карда шуда, аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандии хешро баён дошта, баҳри оромиву осоиштагии мамлакат ва пояндагии сулҳу Ваҳдати миллӣ дасти дуо бардоштанд.