zoofirma.ru

Дар асоси қарори раиси шаҳри Гулистон баҳри истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади болидахотирии сокинони шаҳр барпо шуда истодааст. Имруз 11 июни соли 2022 санъаткорон ва ҳунармандони хонаи маданияти шаҳраки Чоруқдаррон дар боғи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии худро пешкаши тамошобинон намуданд.

Чорабини рангину хотирмон доир карда шуда, писанди тамошобинон гардид. Сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон бо шукргузори аз сулҳу ороми ва Ваҳдати миллӣ аз ташкили чунин чорабиниҳо изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.