zoofirma.ru

Дар ташкилоти ибтидоии «Осоишгоҳи Баҳористон» вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова бо кормандони осоишгоҳ ва фаъолони ҳизб оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Каромат Қосимова доир ба дастовардҳо аз Паём то Паём, нақшаҳои дурнамо барои соли равон, ки дар ин дастури тақдирсози қутбнамои фаъолият инъикос ёфтааст суханронӣ кард.

Раиси ташкилоти ибтидоии «Осоишгоҳи Баҳористон» Абдураҳмон Абдуҷабборов низ ба сухан нуқтаҳои асосии Паёмро шарҳ дод.

Дар поёни вохӯрӣ ба кормандони фаъол шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.