zoofirma.ru

Таҳти ин унвон, имрӯз 20.05.2022 дар назди майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокдорони чорабинии идонаро ба муносибати таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Зикр карда шуд, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Ҳанўз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

 

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Алҳол дар шаҳри мо, ки беш аз 34 дарсади теъдоди сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рўҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Дар шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ баҳри дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон муҳайёст.

Соли равон барои дастгирии ҷавонони шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз 30 нафари соли 2021 ба 35 нафар дар соли равон расонида шуда маблағи он аз 900 сомонии соли қаблӣ ба 1100 сомонӣ расонида шуд, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шаҳр гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод. Ин амал бори дигар аз ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ҷавонон ва сиёсатаи ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мо бояд ифтихор намоем, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ дорем ва ворисони фарҳангу тамаддуни бостонӣ ҳастем. Аз ин лиҳоз, сидқан дўст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии мо бошад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон манзур намуд.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро зери унвони “Навои ҷавонӣ” пешкаши иштирокдорон намуданд.