zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 18.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр дарви шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории озмуни мазкурро ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эамомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба китобу китобхонӣ фарогирии ҷомеа арзёбӣ намуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ғолибони озмун бо омодагии ҷиддӣ дар даврҳои баъдӣ шаҳри Гулистонро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Намояндаи бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷӯра Юсуфӣ доир ба роҳандозии озмуни мазкур баёни андеша намуд. Директори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев доир ба тарзи баргузории озмун ба иштирокчиён маълумот дод.

Аъзои ҳакамон ба пурсиши иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳо оғоз намуданд.