zoofirma.ru

14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур аз шаҳри Гулистон 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Пас аз натиҷагирӣ маълум гардид, ки Нилуфар Зоидбоева хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва Милана Латипова хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр аз фанни забон ва адабиёти рус сазовори ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардидаанд.

Ғолибонро роҳбарияти муассиса самимона пазироӣ намуданд.