zoofirma.ru

Санаҳои 14-15-уми майи соли равон дар шаҳри  Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди варзишӣ каратэи анъанавӣ, бо иштироки варзишгарони 11 кишвар ташкил ва баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Варзишгарони шаҳри Гулистон Валиҷон Қамбаров  ва   Сафдар Исомиддинзода дар вазнҳои гуногун ба рақибони худ  қувваозмоӣ намуда, дар натиҷаи заҳмату талошҳо ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва мағлуб намудани якчанд рақибони худ аз давлатҳои гуногун сазоворӣ ҷойҳои дуюм ва медали нуқра гардида, парчами Тоҷикистонро парафшон намуданд.

Ғолибият ба кулли варзишдӯстон муборак бод!