zoofirma.ru

Аз 12 майи соли 2000 шурӯъ намуда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои фарҳангии мусиқии халқи тоҷик, дар заминаи арзишҳои аслии санъати мақомхонӣ равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ фармонро «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонданд.

Барҳак, шашмақом дар таърихи санъати қадимаи халқи тоҷик мақом ва мавқеи бузург дорад. Ин санъати волоро гузаштагони мо ба хотири дар дувоздаҳ бурҷи осмон гардиш намудани ситорагону сайёраҳо ва дар ҳар бурҷ мақоми хоса зоҳир кардани онҳо силсилаи овозҳои созиву халқӣ ба вуҷуд оварданд, ки аз дувоздаҳ симфонияи азим, яъне аз дувоздаҳ силсиламақом иборат буд.  Минбаъд он ба шаш мақом расонида шуд.

Шоистаи зикр аст, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби шашҷилдаи «Шашмақом» ба нашр расид.

Шашмақом аз мақомҳои бузурк, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. ЮНЕСКО дар соли 2000 шашмақомро дар феҳристи куҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба қайд гирифта, соли 2013 онро ба рӯйхати шоҳасарҳои мероси ғайримоддӣ ворид кард.

Таърихи ин жанри мусиқии миллӣ зиёда аз даҳ асрро дар бар гирифтааст. Мусиқии Шашмақом ба ҳалли хирадмандонаи масоили душвор мусоидат мекард.

Имрӯзҳо дар кишвар барои рушди ин навъи санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст.

Рӯзи шашмақом муборак бод, ҳамдиёрони гиромӣ!