zoofirma.ru

Имрӯз, 9 май пас аз таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндаи вилояти Суғд, Ғайбулло Муҳиддинов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аёдати иштирокчиёни ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қурбоной Раҷабова ва София Атоева сурат гирифт.

Ба номбурдагон аз номи Раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Гулистон кумакҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Қурбоной Раҷабова ва София Атоева дар хотима баҳри таҳкими сулҳу субот ва осудагии Ватан дасти дуо бардошта изҳори миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.