zoofirma.ru

Субҳи имрӯз, 09.05.2022 дар  Муассисаи давлатии Боғи фароғатӣ-фарҳангии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии умумишаҳрӣ дар пояи муҷассамаи «Ёдбуд» бо иштироки заҳматкашони ақибгоҳ, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва меҳмонон ба вуқӯъ пайваст.

Тантанаҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода гулистониёнро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба шодбош гуфт. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба манзури сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» намуд.

Зикр гардид, ки ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсўз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳо ба азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Қариб 300 ҳазор нафар фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси  мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд. Фарзандони халқи тоҷик дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидокорона иштирок кардаанд. Махсусан, торумор кардани фашистон дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград, Курск, қаламрави Украина, Белорус, на танҳо ҷараёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки ҷараёни ҷанги дуюми ҷаҳонро комилан тағйир дод. Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо, аз ҷумла дар озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон қаҳрамониҳо нишон доданд. Ба хотири эҳтиром, бузургдошт ва қадрдонии корнамоиҳои ҳамватанони мо 67 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафари дигар бо се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Зиёда, аз 60 ҳазор нафар барои матонату шуҷоат дар набардҳо бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд.

Ба хотираи қурбониён ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 лаҳзаи хомӯшӣ эълон гардид.

Маросими ҷашнро гузашти идонаи сарбозон ва афсарони қисми низомии 45025 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳусни тантана бахшид.

Дар интиҳо маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи “Ёдбуд” аз тарафи ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамоати шаҳракҳо ва сокинон ба вуқӯъ пайваст.