zoofirma.ru

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибаи Иди саиди Фитр дар шаҳри Гулистон ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи нисбатан арзонтар аз бозор пешниҳоди сокинон карда шуд. Сокинон дар остонаи таҷлили Иди саиди Фитр амали мазкурро бо хушнудӣ қабул намуданд. Амали мазкур рӯзи якшанбе низ баргузор мегардад.

Лозим ба зикр аст, ки баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар шаҳр ба роҳ монда мешавад.