zoofirma.ru

29-уми апрели соли 2022 дар доираи даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ҳосилоти"-и ноҳияи Фархорро қабул намуд.

Дар қисми аввали дидор бозигарони ҳар ду даста кӯшишҳои зиёди боз намудани ҳисоби бозӣ намуда, аммо имкони рахна намудани хатти дарвозаи ҳамдигарро пайдо карда натавонистанд.

Қисмати дуюми бозӣ пурҳаяҷон ҷараён гирифт.  Бозигарони дастаи "Ҳосилот" дар ниҳоят ба боз намудани ҳисоби бозӣ муваффақ шуданд. Ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони гулистонӣ то фарҷоми бозӣ самар ба бор наовард. "Гулистон" бохти навбатии худро ба қайд гирифт. Лозим ба зикр аст, ки дастаи "Ҳосилот" соли қаблиро дар Лигаи олии кишвар паси сар карда буд ва яке аз довталабони қаҳрамонӣ дар Лигаи якум ба шумор меравад.

Ҳаминтавр дар даври дуюми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум дидори дастаҳои "Гулистон" ва "Ҳосилот" бо ҳисоби 0-1 ба фоидаи меҳмонон ба охир расид.

"Гулистон"-и Гулистон дар даври сеюми чемпионат бо дастаи "Сарҳадчӣ" рӯзи 6-уми май дар сафар дидор анҷом медиҳад.