zoofirma.ru

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо дастгирии соҳибкори саховатманд дар остонаи таҷлили Иди саиди фитр ба кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр кумаки якдафъинаи молиявӣ ва маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.

Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳрро бо фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод намуда, зикр кард, ки Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шари Рамазон таъкид намуда буданд, ки: “Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд. Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад”.

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлили ин иди саид шахсони саховатпеша ба ниёзмандон дасти хайру сахо дароз мекунанд.

Ҳамчунин, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба покизакорон, ки дар тозаву озода нигоҳ доштан ва сарсабз намудани шаҳр саҳми арзанда доранд изҳори сипос карда шуд.

Кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр барои ин иқдоми шоиста дар симои роҳбарияти шаҳр ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.