zoofirma.ru

Имрӯз, 27 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо соҳибкорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва соҳибкорон иштирок доштанд.

Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр зимни суханронии худ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” то имрӯз як қатор тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла: эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф”, ки барои омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳа аҳамияти бузург дорад. Ҳамчунин, аз ҷониби ҳукумати кишвар «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ва бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Ҳамчунин, дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026 аз 6-уми январи соли 2022, таҳти рақами 309 ба тасвиб расид.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳадафи асосии вохӯрии имрӯзаи мо беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, дастгирии соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва содиротии шаҳр, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва муаррификунандаи давлату миллат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар сатҳи баланди ватандорӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Афзуда шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои заминаи мусоид фароҳам овардан ба соҳибкорон кӯшиш менамояд ва дар ин самт аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Сипас, бо соҳибкорон суҳбати озод ҷараён гирифт. Таъкид гардид, ки раванди сохтмони корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида шуда, дар вақтҳои муайян гардида корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шавад.

Ҳамчунин, ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои барзиёди нақшаҳои истеҳсолӣ корбарӣ намуда, уҳдадориҳои истеҳсолиро саривақт таъмин намоянд.

Масъулини соҳаи саноати шаҳр муваззаф гардиданд, ки доир ба масъалаҳои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии шаҳр бо истифодаи технологияҳои муосир тадбирҳои мушаххас андешанд.