zoofirma.ru

26-уми апрели соли 2022 дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 24.02.2022, №52 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон таҳти 13.04.2022, №56 бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба донишомӯзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати корҳои илмиву тадқиқотии онҳо, ҷалби хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ-таҳиқотӣ бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф».

70-солагии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр даври шаҳрии сессияи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид. Сессия дар асоси Низомнома аз 20 бахш: физика, астрофизика, математика, химия, биология, тиб, иқтисодиёт, экология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, педагогика ва психология, таърих ва ҳуқуқ, рӯзноманигорӣ гузаронида шуда, дар он 78 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштироки фаъолона намуда, аз рӯи бахшҳои сессия корҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳриро муайян намуданд ва ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.