zoofirma.ru

22 апрели соли 2022 дар Донишкадаи Конфусии назди Донишгоҳи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими ба имзорасонии Созишномаи муштараки таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон ва ифтитоҳи курси омодагии забони чинӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ баргузор гардид.

Дар маросими мазкур намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Мастчоҳ, Истиқлол, ректори Донишгоҳи кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, директори Донишкадаи Конфусии назди Донишгоҳи кӯҳӣ металургии Тоҷикистон, директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой” ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Дар ифтитоҳи маросими мазкур ишора карда шуд, ки бо ғамхорӣ ва пуштибонии Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Чин табодули иқтисодӣ ва фарҳангии ду давлат барқарор карда шуда, моделҳои нави ҳамкориҳои тарафайн амалӣ шуда истода, робитаҳо мустаҳкам ва ногусастанӣ гардида истодаанд. Донишгоҳи касбӣ техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансуи Ҷумҳурии халқии Хитой тасмим гирифтааст, ки дар ин ришта ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон тақвият бахшида, мубодила ва ҳамкории байналхалқиро ба роҳ монад. Донишгоҳи мазкур аз ҷумлаи мактаби касбии сатҳи баланд ба шумор рафта, мавқеи яке аз ду донишгоҳҳои давлатии сатҳи бакалаврӣ ва касбиро дар вилояти Гансу ишғол менамояд. Алҳол дар вилояти Гансу 28 техникуми олии техникии касбӣ ва 184 мактаби миёнаи касбии техникӣ мавҷуданд, ки фарогири 500 ҳазор донишҷӯён мебошанд.

Пас аз суханрониҳо марсими баимзорасонии Созишномаҳо сурат гирифта бо 10 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи касбӣ техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи вилояти Гансуи Ҷумҳурии халқии Хитой қарордодҳо ба имзо расонида шуданд.