zoofirma.ru

Санаи 19.04.2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и Ҷамоати шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷавондухтарони муассиса вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Наргис Қаҳҳорова намояндаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии  ҷамоати шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот доир ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳуқувайронкунӣ, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон, шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, риоя намудани муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб суханронӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар кишвар ҷиҳати дастгирии  занону бонувон тадбирҳои муассир андешида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Бинобар ин, ҷавондухтаронро лозим аст, ки аз пайи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар гардида, дар оянда барои рушди ҷомеа, тарбияи насли солим ва ободонии кишвар саҳмгузор бошанд.