zoofirma.ru

Имрӯз, 20-уми апрели соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар муассисаи таълимии  №14-и  маркази шаҳр бо ҷавонони синни 16-18 сола вохӯрӣ  баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИҲД-и шаҳр,  Мадина Каримова сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Рухшона Содиқзода масъули кор бо ноболиғон ШВКД-и шаҳр ва Ҳасанбой Раҷабзода  муовини директори муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохўрӣ бо ҷавонон  оид ба ҳадафҳои  созандаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстромистӣ,  бегонапарастӣ, аз даст  надодани зиракии  сиёсӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ибрози назар карда шуда, ҳамзамон оид ба дастгириҳои давлатии ҷавонон, суханронӣ карда шуд. Ҳамчунин ҷиҳати расидан ба чорумин ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Саноатикунонии босуръати мамлакат" ва бистсолаи солаи омӯзишӣ фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ибрози назар карда шуд.