zoofirma.ru

Санаи 18 апрели соли 2022 машварати кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 17 апрели соли равон баён доштанд ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи корӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 18 апрел баргузор гардид. Дар кори машварат раисони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ширкат намуданд.

Зимни машварати корӣ Раъно Ҳошимзода ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани кор дар самти ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ, пардохти бақияи қарзи андоз, ба кор андохтани коргоҳу иншоотҳои бекорхобида, истифодаи самараноки амволи давлатӣ, таваҷҷуҳ ба раванди саноатикунонии босуръат, таъсиси корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, ба шуғл фаро гирифтани занону ҷавонон ва сокинон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорӣ, дар арафаи Иди рамазон дастгирии оилаҳои ниёзманд ва дигар масоил низ масъулин вазифадор карда шуданд.

Ҷиҳати вусъати корҳо баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.