zoofirma.ru

Қайроққум, 07.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Дар соли 2015 дар шаҳри барқчиёни вилояти Суғд -Қайроққум 8 коргоҳи хурду миёнаи тавлидотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар умум 110 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштанд.

Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустамчон Одизода иттилоъ дод, ҳоло дар 29 коргоҳҳои саноатии фаъолияткунандаи шаҳр беш аз 3 ҳазору 675 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд, ки музди маоши миёнаи онҳо аз 1000 сомонӣ зиёдро ташкил медиҳад.
Ба гуфти манбаъ, саноатчиёни шаҳр сарфи назар аз моликияташон соли 2015-ро дар қиёс ба соли 2014 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуда, дар умум тавлиди маҳсулоти соҳаро ба беш 1 миллиарду 146,7 миллион сомонӣ расониданд, ки суръати афзоиш ба 120,1% ва дар маҷмӯъ бо нархҳои муқоисавӣ истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 192,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, аз шумораи умумии коргоҳҳои шаҳр дар пешрафти иҷрои нақшавӣ саҳми корхонаҳои зерин, чун — «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин», «Чархи гандумин», «Қолинҳои Қайроққум», «Зарфишон», “Муҳаммадинаҷот”, «Сидней Хуҷанд», «Хубон» назаррас буда, саноатчиёни шаҳр соли равон низ азм доранд дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр ва вилоят нақшгузор бошанд ва ба ин васила барои баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳри Қайроққум саҳмгузор бошанд.