zoofirma.ru

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар маркази шаҳр имрӯз 22 январи соли 2022 Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд. Дар ярмарка маҳсулотҳои гуногуни истеъмолӣ бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуд. Арзиши маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи дастрас барои фурӯш гузошта шуданд.

Маҳсулоти ниёзи аввал то 10-15 фоиз арзонтар нисбат ба нархи бозор фурӯхта шуд.

Аҳолии шаҳр ин иқдоми наҷибро дар арафаи иди аҷдодии Сада хуб пазируфта миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва вилоят иброз намуданд.