zoofirma.ru

Санаи 18 январи соли 2022 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк” дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявӣ дар байни аҳолӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ вохурӣ баргузор гардид. Намояндагон аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Мавзуна Муинзода, Муҳаммад Саидализода ва Озода Икромзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ доир ба рушди соҳаи бонкдорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла изҳор гардид, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расонида шуд. Сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000-ум 130 баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла дар соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст. Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанӯз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд”.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паём ба Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш доданд, ки дар давраи миёнамуҳлат, яъне дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2026 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо ин мақсад ҷиҳати пешбинӣ намудани қарзҳои имтиёзнок, пешниҳоди пасандоз ва пардохти ғайринақдӣ дар мағозаҳо бо иштирокдорон суҳбати озод доир гардид. Иштирокчиён ва фаъолон ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ гирифтанд.        аРаüмон