zoofirma.ru

6 январи соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев сурат гирифт.

Сарвари Қазоқистон ба ҳамтои тоҷики худ дар бораи вазъ дар кишвар ва тадбирҳои аз ҷониби раҳбарият барои ба эътидол овардани он андешидашуда маълумот дод.

Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.

Президенти Тоҷикистон омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуданд.