zoofirma.ru

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо корҳои барқарорсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Темурмалик" шинос гардид.

Корҳои барқарорсозии боғи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд ва айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Сохтмончиён тибқи лоиҳа корҳоро иҷро намуда, кӯшиш доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда боғро ба истифода диҳанд.

Раиси вилоят барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дода, сохтмончиён ва коргаронро бо Соли нав табрик намуд.

Ба онҳое,  ки машғули кор ҳастанд, аз тарафи роҳбари вилоят туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд